Иқдоми Кумитаи ҷавонон ва вусъати худогоҳию худшиносӣ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади вусъати худогоҳию худшиносӣ ва ватанпарастию ҳуввиятсозии насли наврас ва ҷавон дар полки комендантии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон вохӯрӣ баргузор кард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳамарӯза дар қисмҳои низомии мақомоти қудратии мамлакат сӯҳбату вохӯриҳо бо ҷавононе, ки дар даъвати навбатӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шудаанд, ҷараён мегирад. Дар вохӯрӣ ба сарбозон маводи иттилоотӣ, ки аз ҷониби Кумита омода гардидаанд, тақсим шуданд. Ҳамчунин ба сарбозони полки комендантӣ, ки дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии сурудҳои ватанпарастонаи «Суруди сарбоз» иштироки фаъол доштанд, диплом, тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз номи роҳбарияти Кумитаи ҷавонон 1 адад телевизор ва 1 адад DVD тақдим карда шуд, ки ин иқдом ба бедор намудани ҳисси миллӣ ва меҳандӯстии насли ҷавон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






