Идрорпулии раиси шаҳр ба ҷавонони соҳибистиеъдод
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Чанде қабл, 18 май дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Як моҳи ҷавонӣ» маросими супурдани идрорпулии раиси шаҳри Хуҷанд ба ҷавонони соҳибистеъдод ва фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.Аз маркази таҳлил ва иттилооти МИҲД шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маросими супурдани идрорпулӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов изҳор дошт, ки баргузории чорабиниҳои «Як моҳи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар радифи созгориҳои ҳаёти ҷомеа насли ояндасози ҷомеаро низ ба эҷодкориҳои нав ба нав ҳидоят менамояд. Бино ба гуфти сардори бахши кор бо ҷавонон ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов имсол 30 нафар хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва хусусӣ, литсею гимназияҳо ва омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, 3 нафар донишҷӯи коллеҷҳо ва 4 нафар донишҷӯи макотиби олӣ, ҷамъ 40 нафар ба гирифтани идрорпулии раиси шаҳр мушарраф гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






