Иштироки Э.Раҳмон дар Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Маскав Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон дар қасри Кремл ҷамъ омаданд. Хотиррасон бояд намуд, ки ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон аъзоянд. Дар иҷлосия, ки ба замони солгарди 20-уми ба имзо расидани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рост омадааст, натиҷаҳои фаъолияти созмон дар ин солҳо ва вазифаҳои дурнамо баррасӣ шуд. Масоили вобаста ба авзои сиёсӣ дар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамгироии сиёсии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба идомаи корҳо барои ташкил додани нерӯҳои минтақавии ҳарбию амниятии созмон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, пурзӯр намудани ҳамоҳангии фаъолияти муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ва бо ҷинояткории созмонёфтаи трансмиллӣ, зоҳир карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро нерӯи муҳимтарини амниятӣ дар минтақаи масъулияти он номида, таъкид дошт, ки «муттаҳидшавии дохилии созмон ва боло бурдани омодагии ҳарбии нерӯҳои он аз вазифаҳои умда дар марҳилаи кунунӣ мебошад». Дар охири ҳамоиш Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расид. Дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар назар аст. Бегоҳии рӯз, ҳамчунин мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






