Иштироки Э.Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯзи 15 май дар қасри Кремл, мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо иштироки сарони ҳамаи кишварҳои он баргузор гардид. Зарурати тақвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи он аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо таъкид гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ҷоннок намудани фаъолияти он иҷрои босамари Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, Минтақаи савдои озод, Барномаи ҳадафманди байнидавлатӣ доир ба ҳамкории инноватсионӣ барои давраи то соли 2020, Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои то соли 2020 ва дигар санадҳо амри зарурӣ аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






