Киҳо сазовори ҷоизаи Рӯдакӣ мешаванд?

Май 21, 2012 16:46

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 майи соли 2012 маҷлиси аввали умумии Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Руқия Қурбонова маҷмӯи асарҳои адабию ҳунарии довталабон мавриди муҳокима ва мубоҳисаи ҷиддӣ қарор гирифт. Ҳайати кумита дар хусуси пуштибонии фарҳанг, омӯзишу пажӯҳиши ҳамаҷонибаи офаридаҳои пешниҳодшаванда, баландтар бардоштани меъёри баҳодиҳӣ ва барафзудани эътибори ин мукофоти олии адабию ҳунарӣ андешаҳои судманд баён карданд. Мутобиқи талаботи Низомнома ва мувофиқи хулосаҳову пешниҳодҳои бахшҳои соҳавии Кумита асарҳои арзишмандтарин ба озмуни дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ интихоб ва тавсия шуданд. Ин офаридаҳои довталабон тавассути матбуоти даврӣ, маҳфилҳои эҷодӣ, намоишҳо ва намоишгоҳҳои ҳунарӣ ба муҳокимаи тахассусии оммавӣ гузошта мешаванд. Ба озмун нафарони зерин барои дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ барои соли 2012 интихоб ва тавсия шуданд:Дар соҳаи адабиёт Аҳмадҷони Раҳматзод – шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, дар соҳаи санъат ва меъморӣ, соҳаи санъати театр ва синамо Баҳодур Миралибеков – коргардон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон, дар соҳаи мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ Файзалӣ Ҳасанов – ҳунарпеша, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, дар соҳаи санъати тасвирӣ ва меъморӣ Маҳмадраҳим Каримов – муҳандис ва муҳаққиқ, номзади илми меъморӣ, узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон Ҷӯра Ҳошимӣ – шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон. 

Май 21, 2012 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст