Коҳиши истеҳсолот ва таъсири он ба буҷа
Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти омории вилояти Хатлон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 25 фоиз афзуда бошад ҳам, аммо дар баъзе шаҳру навоҳӣ истеҳсоли баъзе номгӯи молҳои саноатӣ баръакс коҳиш ёфтааст. Илова бар ин аз 237 корхонаи саноатии вилояти Хатлон 70-тои он фаъолият накард, ки ин ба музди меҳнат, таъминоти иҷтимоии коргарон ва иҷрои нақшаи даромади буҷа таъсири манфӣ расонид.Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти афзоиши истеҳсоли қувваи барқ ҳамаи сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки фаъолияти мураттаби ҳар як корхонаву ташкилотро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати ташкили кор дар ду-се баст бо истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ҷиҳати татбиқи иҷрои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






