Маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ зиёд мегардад

Май 14, 2012 09:11

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фермерони ҷумҳурӣ аз соҳаи қарздиҳии бонкҳои тиҷоратӣ қаноатманд нестанд. Ба ақидаи фермерони ҷумҳурӣ, фоизи пешниҳоднамудаи бонкҳои тиҷоратӣ метавонад дар наздиктарин давра онҳоро муфлис кунад.Ҳукумати ҷумҳурӣ дар паи таъсис додани як бонки сармоягузориест, ки он танҳо бахши кишоварзии ҷумҳуриро бо маблағҳои қарзии бо фоизи ба фермерон мувофиқ роҳандозӣ намояд.Дар айни замон, дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ислоҳот идома дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо USAID-Агентии рушди байналмилалии ИМА баҳри афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ҷораҳои зарурӣ меандешад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе ҳангоми муаррифии барномаи USAID, ки зери унвони «Озуқа ба хотири оянда» баргузор гардид, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардонов гуфта буд: «Роҳи ягонаи рушди кишоварзӣ дар маблағгузории соҳа ва ба фермерон бо фоизи ба онҳо мувофиқ додани қарзҳои яксола ва бисёрсола мебошад».

Май 14, 2012 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид