Марги нобаҳангоми Худойназар Боқиев
Душанбе, 31 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Худойназар Боқиев, паҳлавони маъруф, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Тоҷикистон баъд аз бемории тӯлонӣ 30-юми май дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи дил дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ин ҷаҳон падруд гуфт. Худойназар Боқиев дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо ва дзюдо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гашта, дар замони шӯравӣ дар мусобиқоти гуногуни умумииттифоқӣ ба пирӯзӣ комёб шудааст. Ӯ ҳамчун мураббии гӯштӣ дар тарбияи шогирдон хидмати арзанда карда, паҳлавонони шӯҳратёрро ба воя расонидааст. Писаронаш Алишер, Ҳаким, Рустам, Расул ва Акбар орзую омоли ӯро дар мусобиқоти байналмилалӣ амалӣ карда, барои боло бурдани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хизмати арзанда кардаанд. Алишер дар риштаи дзюдо барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё гардида, Рустаму Расул қаҳрамонҳои ҷаҳон дар навъи гӯштии кураш ва ғолиби Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ доир ба дзюдо шудаанд.Расул инчунин ба Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин медали олимпиро дар риштаи дзюдо соли 2008-ум аз Пекин овардааст.Худойназар Боқиев чун устоди асили гӯштӣ, инсони хоксору адолатхоҳ ва ватанпарвар дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






