Машқҳои фармондеҳии ситодӣ ва тактикию амалии саҳроӣ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо мақсади такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ, фаъолияти муштараки сохторҳои қудратии мамлакат дар ҳолатҳои фавқулодда, безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ ва озод намудани гаравгонҳо, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва террористӣ дар иқлими кӯҳӣ аз 2 то 4 майи соли равон дар машқгоҳи Фахробод машқҳои фармондеҳии ситодӣ ва тактикию амалии саҳроӣ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои қудратии мамлакат доир шуданд.Дар машқҳо инчунин воҳиди комендантӣ ва шӯъбаи чорабиниҳои махсуси Гвардияи миллӣ, Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, воҳиди махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Тавре ки сомонаи ВКД mvd.tj хабар медиҳад, машқҳо дар сатҳи баланд ва ҳар як амалиёт бо тамрину иҷрои амалии он дар иқлими кӯҳии машқгоҳ ба таври муштарак аз ҷониби ҷузъу томҳои хизмати берунӣ, воҳидҳои махсус ва дигар бахшҳои дахлдори милитсия ва бахшҳои мазкури сохторҳои қудратии мамлакат бо таҷҳизоту техникаи махсус, мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва яроқу лавозимоти ҷангии муосир доир карда шуданд.Ҷараёни машқҳоро вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, роҳбарони аввали як қатор сохторҳои қудратии мамлакат, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ назорат намуда, ба маҳорат ва малакаи ҷангии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси дигар сохторҳои қудратии кишвар баҳои баланд доданд. Дар фарҷом иштирокчиёни фаъоли машқҳо бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорнома ва сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадршиносӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






