«Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ»- дастовези ҷашнӣ
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Маҷмӯаи илмӣ таҳти унвони «Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ» бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.Маҷмӯа мақолаҳои илмии олимони ҷавон ва масъалаҳои назариявии миллатшиносии муосирро дар бар гирифтааст. Ғояи асосии китоб аз андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҳияи барнома ва дурнамои миллатсозиву давлатсозӣ дар Тоҷикистон сарчашма гирифтааст. Маҷмӯа барои сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, таърихнигорон, сиёсатмадорон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеъи хонандагон, ки ба масъалаҳои назарияи миллат, миллатгароӣ ва давлати миллӣ мароқ зоҳир мекунанд, тавсия мешавад.Мавриди зикр аст, ки маҷмӯа ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Ваҳдати миллӣ нашр шудааст.Ёдовар бояд шуд, ки таҳлили маҷмӯаи илмӣ зери назари профессор Сайфулло Сафаров ва муҳаррир Мирзошо Ватанов нашр шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






