Мулоқоти Э.Раҳмон бо В.Путин

Май 16, 2012 09:04

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти хосаи дуҷониба анҷом дод. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд. Владимир Путин аз ҳамкории иқтисодӣ ва ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва робитаҳои судманди миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки имрӯз «70 субъекти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкории рушдёбанда доранд». Эмомалӣ Раҳмон низ бо ёдоварӣ аз ҳамкории судбахши низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар изҳор дошт, ки «миёни Тоҷикистону Русия ягон масъалаи ҷиддии ҳалношуда вуҷуд надорад, чанд масъалаи ҳалталабе, ки ҳаст мо бо назардошти манофеи ҳарду ҷониб ҳаллу фасл менамоем». Ӯ ҳамчунин изҳор дошт: «Мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон дар кишвари худ эҳтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд ҳамин гуна муносибат дошта бошад». Владимир Путин дар посух изҳор дошт, ки «маҳз ҳамин хел мешавад». Сарони ду давлат ба зердастони худ дастур доданд, ки барои муҳокимаи муфассали масоили ҳалталаб дар ояндаи наздик ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишварро баргузор намоянд. Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни ду кишвар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд боз ҳам густариш хоҳад ёфт. Таҳким ва густариши ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла масоили дароз намудани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, дастгирии моддию техникии сохторҳои низомии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ, омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси низомӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии сиёсии Тоҷикистону Русия дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 16, 2012 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид