Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо

Май 4, 2012 13:42

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказиро бо сарварии Раиси гурӯҳ Паоло Бартолоззи ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Кори босамари Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки соли гузашта таъсис ёфта буд ва баргузоршавии ҷаласаи дуюми он дар шаҳри Душанбе нишонаи тавсиаи робитаҳои судбахши ду ҷониб арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боз як сохтори нави ҳамкорӣ буда, дар қатори Шӯрои ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳо дар таҳким ва тавсиаи муносиботи судманди ду ҷониб нақши намоён хоҳад гузошт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «муносибот бо Иттиҳоди Аврупо дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад». Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ сурат гирифт. Густариши ҳамкорӣ доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Таваҷҷуҳи зиёд ба вусъати дастгирии моддию техникии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамчунин ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра бо ҷалби бахши хусусӣ зоҳир карда шуд. Бо назардошти талаботи рӯзафзуни Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба нерӯи барқ ва маҳсулоти гуногуни дигар таъкид гардид, ки иштирок дар фаъол намудани имкону захираҳои фаровони Тоҷикистон ба ҳар як сармоягузор манфиати зиёд меорад. Ҳамчунин доир ба дастгирии сохторҳои қудратиии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Май 4, 2012 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад