Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо

Май 4, 2012 13:42

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказиро бо сарварии Раиси гурӯҳ Паоло Бартолоззи ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Кори босамари Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки соли гузашта таъсис ёфта буд ва баргузоршавии ҷаласаи дуюми он дар шаҳри Душанбе нишонаи тавсиаи робитаҳои судбахши ду ҷониб арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боз як сохтори нави ҳамкорӣ буда, дар қатори Шӯрои ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳо дар таҳким ва тавсиаи муносиботи судманди ду ҷониб нақши намоён хоҳад гузошт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «муносибот бо Иттиҳоди Аврупо дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад». Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ сурат гирифт. Густариши ҳамкорӣ доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Таваҷҷуҳи зиёд ба вусъати дастгирии моддию техникии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамчунин ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра бо ҷалби бахши хусусӣ зоҳир карда шуд. Бо назардошти талаботи рӯзафзуни Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба нерӯи барқ ва маҳсулоти гуногуни дигар таъкид гардид, ки иштирок дар фаъол намудани имкону захираҳои фаровони Тоҷикистон ба ҳар як сармоягузор манфиати зиёд меорад. Ҳамчунин доир ба дастгирии сохторҳои қудратиии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Май 4, 2012 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад