Нашри маҷмӯаи барӯйхатгирии аҳолй ва фонди манзил дар соли 2010
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Маҷмӯаи «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолй ва фонди манзил дар соли 2010» аз чоп баромад. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри соли 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд. Баъди гузаронидани ин маърака маълум гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 миллиону 565 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебарад.Бояд гуфт, ки нисбат ба маълумоти барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба миқдори 1 млн. 438 ҳазор нафар ё худ 23% афзудааст. Сарфи назар аз хуруҷи аҳолии шаҳр ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2000-ум соли 2010 аҳолии шаҳр ба миқдори 379 ҳазор нафар ё худ 23,3% ва аҳолии деҳот ба миқдори 1059 ҳазор ё худ 23,5% бештар гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






