Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Мӯъминобод
Кӯлоб, 29 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ҷамоати деҳоти «Тебалай» — и ноҳияи Мӯъминобод аз тарафи соҳибкор Хуршед Зарипов нуқтаи замонавии фурӯши гази моеъ ва сӯзишворӣ ба истифода дода шуд, ки якумин нуқтаи фурӯши газ дар ноҳия аст. Тавре ки Хуршед Зарипов иброз дошт, мақсади таъсиси нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо ҷои кор таъмин кардани корҷӯён мебошад. Дар иншооти навтаъсис 10 нафар фаъолият доранд. Нархи фурӯши 1 литр гази моеъ 2 сомонию 50 дирам ва сӯзишворӣ 6 сомонию 40 дирам буда, сифати маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй мебошад. Рушди соҳибкорӣ дар ноҳия зина ба зина баланд мегардад. Дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ як маркази варзишӣ ба истифода дода шуда, инчунин дар рӯзҳои наздик таъсиси корхонаҳои коркарди пӯсту пашм ва сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ барои хонаҳои истиқоматӣ ва иншоот дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






