Омӯзиши асосҳои ҳуқуқи низомиён
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ – меъёрҳои байналмилалӣ ва миллӣ» тренинг доир гардид.Ҳадаф аз баргузории тренинг омӯзиши асосҳои ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, шарҳу тавзеҳи кафолату имтиёзҳои муқарраршуда мутобиқи меъёрҳои милливу байналмилалӣ, механизмҳои дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои низомиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад.Дар кори он кормандони Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсони ҶТ, Вазорати мудофиа, Прокуратураи ҳарбӣ, Суди ҳарбӣ, Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, адвокатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.Бозомӯзӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» дар ҳамдастӣ бо Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Маркази демократӣ доир ба назорати Қувваҳои Мусаллаҳ созмон дода шуда, ду рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






