Омӯзиши Паёми Сарвари давлат миёни имомхатибону шӯъбаҳои дин
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат доир ба омӯзиши дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон ва мудирони шӯъбаҳои корҳои дини ҳафт шаҳру ноҳия, аз ҷумла Ваҳдат, Роғун, Нуробод, Рашт, Ҷиргатол ва Файзобод иштирок доштанд.Раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов диққати ҳозиринро ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, зикр намуд, ки ҳоло мо дар остонаи ду ҷашни муҳим — 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ки ин ҷашнҳо ба осонӣ ба даст наёмадаанд. Мо бояд онҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем. Ҳамчунин масъалаҳои муҳими дар Паём зикршуда мавриди таваҷҷӯҳи ҳозирин қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса ба солҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад ва дар ҳама соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд.Аз имомхатибони масҷидҳо ва мудирони шӯъбаҳои корҳои дин доир ба масъалаҳои вобаста ба мавсими Ҳаҷ- 2012, риоя намудани ҳолатҳои санитарии иттиҳодияҳои динӣ, риоя кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда шуд, ки дар назорати қатъии он чораҳои муассир андешанд. Дар охири ҷамъомад Раиси Кумита бори дигар диққати ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, онҳоро ба иҷрои онҳо даъват намуд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






