Р. Раҳимов- узви вобастаи АИ умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ

Май 11, 2012 15:26

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад теъдоди зиёди кормандони мақомоти милитсия, аз ҷумла устодони Академияи ВКД, олимони ҳуқуқшиноси Донишгоҳи миллӣ иштирок карданд. Дар ҷамъомад Паёми Сарвари давлат ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда шуда, ҳозирин дар суханрониҳояшон доир ба самтҳое, ки ба фаъолияти кормандони мақомоти милитсия ва беҳдошти вазъи ҷомеа вобастагӣ дорад, ибрози назар карданд.Инчунин перомуни бартараф кардани омилу сабабҳое, ки на танҳо ҷомеаи мо, балки кулли сайёраро нигарон кардааст, фикру пешниҳодҳо баён шуданд. Аз ҷумла, дар рафти ҷамъомад бо истифода аз ҳузури теъдоди зиёди кормандони милитсия Президенти Академияи илмҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Академик Маҳмадшо Илолов вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимовро бо унвони узви вобастаи Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ сарфароз гардонид.

Май 11, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад