Сомони Эмомалӣ- соҳиби медали тилло

Май 24, 2012 16:38

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Писари хурдии Президенти Тоҷикистон, толибилми синфи ҳафтуми мактаби байналмилалии Душанбе Сомони Эмомалӣ Раҳмон дар бахши барномасозии олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ доир ба технологияҳои иттилоотӣ, ки аввали моҳи май дар пойтахти Руминия-Бухарест доир гардид, ба медали тилло сазовор дониста шуд.Писари 13-солаи Эмомалӣ Раҳмон луғати электрониеро ба чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ таҳия намуд. Толибилми дигар – Исрофил Исмоилов, ки ҳамроҳ бо писари президент ин луғатро таҳия намудааст, низ соҳиби медали тилло шуд.Тавре ки директори литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол Наим Йилдирим ба АМИТ «Ховар» хабар дод, олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар Бухарест аз рӯйи чор номгӯй – барномарезӣ, филми анниматсионӣ, филми мухтасари тарбиявӣ ва идораи компютерӣ баргузор гардидааст.Ҳамчунин дар ин олимпиада хонандагони синфи панҷуми мактаби байналмилалӣ Шералӣ Абдуллоев ва Селман Эркай барои таҳияи филми анниматсионии «Қонунҳои мактаб» бо медали нуқраи олимпиада қадрдонӣ шуданд.Дар номгӯи мазкур толибилмони синфи ҳаштуми литсей-интернати тоҷикиву туркии шаҳри Хуҷанд Исматҷон Исматов ва Мирзоикром Шарифов барои филми тасвирии «Савдогар ва тӯтӣ» ба медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.Дар номгӯи филми мухтасари тарбиявӣ хонандагони синфи 10-уми литесйи иқтисодии тоҷикиву туркии шаҳри Душанбе Саидмузаффар Ҳайдаров ва Шералӣ Саидов барои филми «Қалами кабуд» медали биринҷӣ гирифтанд.

Май 24, 2012 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст