«Ташаббуси ҷавонон- ояндаи дурахшони Тоҷикистон»

Май 2, 2012 12:02

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Дар заминаи қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол инҷониб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар «Ҳафтаи ҷавонон» таҷлил мегардад ва сол ба сол чорабиниҳо хусусияти навро касб мекунанд. Соли равон низ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳти унвони «Ташаббуси ҷавонон- ояндаи дурахшони Тоҷикистон» таҳия намуд, ки тибқи он аз 10 то 23 май дар марказ ва саросари кишвар чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир мегарданд. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари қишрҳои мухталифи ҷомеа ба варзиш 20-уми май дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ ва 21-уми май ҷамъбасти марҳилаи нимниҳоии “Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон” сурат мегирад. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии эҷодкорон ва соҳибистеъдодҳои ҷавон, таҳкими ҳисси худшиносиву меҳанпарастӣ 16 май конфронси кишварии олимон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон” (дар Китобхонаи миллӣ), 15 май ҷамъбасти Фестивали сурудҳои ҳарбию ватандӯстии “Суруди сарбоз”, 16 май Маҳфили зарифон ( дар “Кохи Ҷомӣ), аз 5 то 15 май озмуни мусаввирони ҷавон зери унвони “Тоҷикистон –аз нигоҳи ҷавонон (дар Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно») сурат мегирад. Дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии оилаҳои камбизоат 17-уми май ҷиҳати рӯҳбаландии тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён барномаи фарҳангию фароғатӣ ва 18-уми май дар Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» маросими хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат баргузор хоҳад шуд.Хамчунин тибқи нақша баргузории барномаҳои муштараки телевизиониву радиоӣ дар мавриди дастовардҳои ҷавонон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ, нишасту мизҳои мудаввар доир ба самтҳои фаъолияти соҳа, баргузории барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони ҷавон пешбинӣ шудааст. Дар доираи чорабиниҳое, ки ба Рӯзи ҷавонон бахшида шудаанд, баргузории рӯзҳои фарҳанги ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар назар аст.Лозим ба ёдоварист, ки таҷлили ин сана аз нақш ва мавқеи муассири насли ҷавони ҷомеа ва таваҷҷӯҳи ҳукумат нисбат ба ин насл шаҳодат дода, барои ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастиву эҳтироми арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Май 2, 2012 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст