Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд як қатор тадбирҳои судмандро ба анҷом расонид. Таъсиси стипендияҳо, ҷоизаҳо ва маҳфилу нишастҳои ҳамарӯза аз зумраи тадбирҳои андешидашуда дар ин самтанд.Таъсиси Шӯрои олимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯён дар пешбурди фаъолияти илмиву амалии толибилмон судманд аст.Бо ин мақсад 16 майи соли равон, соати 9:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон ба истиқболи 20- солагии Иҷлосияи XXI-уми Шӯрои Олӣ, 15- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон» бо ширкати 120 нафар олими ҷавон аз муассисаҳои олии илмиву таълимии ҷумҳурӣ доир мегардад. Конфронс дар се бахш: улуми ҷомеашиносӣ, дақиқ ва биологию тиб гузаронида шуда, 120 маърӯза мавриди баҳсу муҳокима қарор мегирад. Беҳтаринҳо сазовори диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ хоҳанд гардид. Маҷмӯаи маърӯзаҳо таҳти унвони «Ҷавонон ва илми муосир» бо фарогирии 92 мақолаи илмӣ интишор шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






