Таваллудхона барқарор гардид
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Лоиҳаи «Барқарор намудани шӯъбаи таваллуди беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент» муваффақона дар амал татбиқ гардид. Барои иҷрои ин кор беш аз 106 ҳазор доллари ИМА истифода шуд. Лоиҳаро Ҳукумати Ҷопон дар доираи кӯмаки бебозгашти лоиҳаҳои амнияти гуманитарӣ барои табақаҳои васеи аҳолӣ маблағгузорӣ намуд.Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, беморхона аз давраи соли 1973 бунёд ёфтанаш то имрӯз таъмир нашуда буд. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа 1876 метри мураббаи ду шӯъбаи таваллуди беморхона таъмир гардида, акнун 4 ҳазору 600 нафар модарон ва кӯдакони онҳо аз хидматрасонии хушсифати шӯъбаҳои таъмиршудаи таваллуд бархӯрдор мегарданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






