Вазъи пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар парлумон баррасӣ шуд

Май 23, 2012 09:39

Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазъи пешгириву назорати бемориҳои ғайрисироятӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои миллии марбут зимни муҳокимаи парлумонӣ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат 22 май матраҳ гардид. Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки муовини раиси Маҷлиси намояндагон Мирганд Шабозов, раисони Кумитаҳои палатаи поёнӣ ва масъулину намояндагони Вазорати тандурусти кишвар ҳузур доштанд, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ гуфт, ки Ҳукумати мамлакат дар тўли солҳои охир ба масъалаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар ин самт як қатор барномаҳои соҳавӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки барои пешрафти сиёсати тандурустии кишвар дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намудаанд. Хайриннисо Юсуфӣ аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ниҳодҳои марбутаи он дархост намуд, ки дар доираи супоришу дастурҳои Президенти мамлакат дар робита ба масъалаҳои ҳифзи солимии аҳолии Тоҷикистон, хусусан дар пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ барои омодагии сохторҳои дахлдор вобаста ба таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ, алалхусус дар масъалаҳои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии аҳолӣ; омўзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо; самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ бояд чорабиниҳои бетаъхирро ба анҷом расонад. Нусратулло Салимов, вазири тандурустии ҷумҳурӣ гуфт, ки дар соҳаи тандурустӣ зиёда аз 20 қонун ва 20 ҳуҷҷати муҳими соҳавӣ ва байнисоҳавӣ, барномаҳои миллӣ ва консепсияҳо дар мавриди ислоҳоти бахши тандурустӣ татбиқ шуда истодаанд. Вазир зикр кард, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ 750 муассисаи тиббӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сохта, таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд. Таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ таҳлили вазъи воқеии мушкилоти соҳаро аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор додааст ва бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ниёзманд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Май 23, 2012 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд