Вохӯриҳои судманд дар Дубай
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар доираи баргузории ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматӣ СASA-1000 ва сафари худ ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ вохӯриҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла бо раиси гурӯҳи ширкатҳои «Ал-Шафар» — шайх Аҳмад Абдуллоҳ Ал-Шафар, Раиси гурӯҳи ширкатҳои «Amanie Advisors» — доктор Монд Довуд Бакр, намояндаи агентии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) бо идораи асосӣ дар Абу Дабӣ Йонг Ченг ва дигар сармоягузорон ва донорҳо вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ имконияти ҷалби сармоя ба соҳаҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, бахусус бунёди корхонаҳои муштараки коркарди меваву сабзавот, пахта, пӯст, пашм мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар доро будан ба ашёи хом, аз ҷумла пахта, ки заминаи асосӣ барои рушди коркарди ин қабил маҳсулот мебошад, барои ташкили чунин корхонаҳо мусоидат хоҳад кард. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ сармоягузорон ва ширкатҳои кишварҳои араб иброз доштаанд, ки бо мақсади омӯзишу ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикргардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






