Вохӯрии Р. Раҳимов бо намояндагони «Big Media Group»

Май 24, 2012 15:53

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дирӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов намояндагони Агентии иттилоотии «Big Media Group» Улрик Брюнинг ва Кейрон Мериро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои дастрас намудани таҷҳизоти техникии муосир вобаста ба мубориза бо зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризми байналмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ки сомонаи ВКД mvd.tj хабар медиҳад, вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар қаламрави кишвар яке аз сохторҳои асосии мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷиноятӣ, таъминкунандаи асосии тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба шумор меравад ва дар навбати худ миқдори махсусан калони моддаҳои нашъадор, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро мусодира намуда, ба безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, террористӣ, экстремистӣ ва ба оромию амният дар минтақа низ таъсири ҷиддии мусбати худро мерасонад. Намояндагони «Big Media Group» Улрик Брюнинг ва Кейрон Мери дар навбати худ қайд намуданд, ки бо дарҷи мақолаҳо дар маҷаллаи худ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми ин сохтор дар таъмини амният дар минтақа ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои дастрас намудани муосиртарин таҷҳизот вобаста ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва тақвияти мубориза бар зидди терророризму экстремизми динӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Май 24, 2012 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд