Вохӯрии Р. Раҳимов бо намояндагони «Big Media Group»
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дирӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов намояндагони Агентии иттилоотии «Big Media Group» Улрик Брюнинг ва Кейрон Мериро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои дастрас намудани таҷҳизоти техникии муосир вобаста ба мубориза бо зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризми байналмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ки сомонаи ВКД mvd.tj хабар медиҳад, вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар қаламрави кишвар яке аз сохторҳои асосии мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷиноятӣ, таъминкунандаи асосии тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба шумор меравад ва дар навбати худ миқдори махсусан калони моддаҳои нашъадор, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро мусодира намуда, ба безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, террористӣ, экстремистӣ ва ба оромию амният дар минтақа низ таъсири ҷиддии мусбати худро мерасонад. Намояндагони «Big Media Group» Улрик Брюнинг ва Кейрон Мери дар навбати худ қайд намуданд, ки бо дарҷи мақолаҳо дар маҷаллаи худ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми ин сохтор дар таъмини амният дар минтақа ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои дастрас намудани муосиртарин таҷҳизот вобаста ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва тақвияти мубориза бар зидди терророризму экстремизми динӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






