Замини захираи давлатӣ зиёд шуд
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо сабаби аз истифодабарии дарозмӯҳлат даст кашидани хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ғончӣ аз марзи маъмурии ноҳияи Айнӣ 6 ҳазору 351 гектар ба гурӯҳи замини захираи давлатӣ гузаронида шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2011таҳти рақами 560 «Дар бораи тасдиқи натиҷаҳои баҳисобгирии давлатии миқдори замин дар марзи маъмурии шаҳу ноҳияҳои Қумсангир, Мӯминобод Нораки вилояти Хатлон, Ванҷи ВМКБ ва Ашти вилояти Суғд» 2 ҳазору 360 гектар дар ноҳияи Ашт ба замини захираи давлатӣ гузаронида шуда, аз ҳисоби замини захираи давлатӣ дар ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Шаҳритус, Кӯлоб, Шӯрообод, Ванҷ, Роштқалъа, Варзоб, Тавилдара, Турсунзода, Ҷиргатол, хоҷагиҳои кишоварзӣ ташкил дода шуд,- иброз дошт раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокиров ба мухбири АМИТ «Ховар».








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






