Қасами садоқат ба Ватан
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – 200 нафар сарбозони наве, ки барои адои хидмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ даъват шудаанд, дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қасами садоқат ба Ватан ёд карданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин маросим муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии ҶТ Саидамир Одинаев, собиқадорони қӯшунҳои сарҳадӣ, волидайн ва пайвандони аскарони ҷавон иштирок доштанд.Аскарбачаҳо давоми ду моҳ дар курсҳои ҷанговари ҷавон таҳсил намуда, баъди он барои адои хидмат ба посбонгоҳҳои сарҳадӣ фиристода мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






