Қонуне, ки истифодаи воситаҳои криптографиро танзим менамояд

Июнь 6, 2012 15:59

Душанбе, 6 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори криптография»-ро палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 6 июни соли 2012 баррасӣ ва қабул намуд.Зимни ташреҳи он Сўҳроб Паноев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон зикр карданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар бахши криптография муайян намуда, тартиби таҳия, истеҳсол ва истифодаи воситаҳои криптографиро дар ҷараёни мубодила ва нигоҳдории иттилоот танзим менамояд. Ҳамзамон вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима ва қабул намуданд, ки ҳадафаш мутобиқ намудани қонунгузории гумруки кишвар ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст. Неъмат Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мунаввара Кенҷаева, вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъала зикр намуданд, ки лоиҳаи мазкур ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «маҳсулоти қалбакӣ (контрафакт)»-ро ворид намуда, усули таъйини арзиши гумрукӣ дар асоси ҷамъи арзиш ва пешниҳоди маълумоти махфӣ ба суд ва мақомоти тафтишоти пешакиро такмил медиҳад.

Июнь 6, 2012 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид