Ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахши геология ва захираҳои табиӣ
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҷараёни сафари расмии Президенти ҶТ ба Ҷумҳурии Федератвии Олмон байни Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ ва Институти федералии геология ва захираҳои табии Ҷумҳурии Федератвии Олмон Созишнома дар бораи ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи геология ва захираҳои табиӣ имзо гардид. Намояндагони Институти федералии геология ва захираҳои табии Олмон дар асоси ин Созишнома ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо кормандони Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар ҷараёни сафар мутахассисони Олмон муаррифии лоиҳаҳо таҳти унвони «Захираҳои минералӣ барои тараққиёт» баргузор гардид. Лоиҳаҳоро роҳбари гурӯҳи Осиё ва кишварҳои соҳилҳои Уқёнус доктор Арне Ҳоффман Роте, роҳбари гурӯҳи марбут ба Тоҷикистон доктор Гурден Франкен, муҳандис — муҳаққиқ ва ҳамоҳангсози лоиҳа доктор Ганс Гунтер муаррифӣ намуданд.Дар маросими муаррифӣ намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноати ҶТ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, роҳбарони гурӯҳҳои тадқиқотии Сарраёсати геология, олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигар ширкат доштанд.Мувофиқи суханони намояндагони Институти федералии геология ва захираҳои табии Олмон, барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҷониби Олмон то моҳи июни соли 2014 то 1 миллиону 500 ҳазор евро ҷудо карданист.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






