Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвари минтақа
Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон 5 июли соли равон дар Душанбе баргузор гардида, ҳадафаш ба роҳ мондани робитаҳои устувори иқтисодӣ ва тақвияти тамоюли мубодилаи мол, рушди ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар аст. Интизор меравад, ки дар доираи ҳамоиш намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия, саноати нафт, мошинсозӣ, сохтмон, дорусозӣ ва саноати хўроквориро матраҳ менамоянд. Дар ҳамоиш 20 ширкати бузурги Қазоқистон, инчунин Вазорати саноат ва технологияи муосири Қазоқистон, Корпоратсияи содиротию қарзӣ ва суғуртавии «КазЭкспортГрант» иштирок менамоянд. Дар ҳошияи ҳамоиш вохўрию мулоқоти дуҷонибаи намояндагони корхонаю ширкатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ҳамчунин муаррифии маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии Қазоқистон баргузор мегардад. Алҳол дар Тоҷикистон 47 ширкат дар асоси сармояи Қазоқистон фаъолият доранд. Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду давлат бо шарофати фаъолияти Шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, ки онро Сарони ҳар ду кишвар роҳбарӣ менамоянд, дар сатҳи баланд қарор дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






