Ҳавои Рўзи ваҳдати миллӣ бебориш хоҳад буд

Июнь 25, 2012 15:51

Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То 27 июн ҳаво дар ҷумҳурӣ ноустувор боқӣ монда, дар минтақаҳои кўҳии кишвар боронҳои шиддатнок меборад. Баъдан шурўъ аз 27 июн то 4 июл ҳарорати ҳаво ҳар рўз як дараҷа боло меравад. Парвина Саидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки 27 июн дар ҷумҳурӣ эҳтимол аст ҳаво бебориш боқӣ монда, харорати ҳаво дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки маркази асосии таҷлили ҷашни 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллист рўзона 28-30 ва шабона 18-20 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд рўзона 31-33 шабона 18-20, Хатлон рўзона 32-37 шабона 17-22 дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад рўзона 27-33 шабона 15- 20 дараҷа гарм, дар Шарқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рўзона 10-15 дараҷа гарм шабона 0-5 дараҷа сард, Дар Ғарби вилоят бошад рўзона 23-28 шабона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Бояд тазаккур дод, ки тўли се рўзи охир- аз 23 июн инҷониб дар ҷумҳурӣ боронҳои пуршиддат борида ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст фаромад, ки сабаби он ҳаракати фишори баланди атмосферӣ аз минтақаи уқёнуси Атлантика ба ҷумҳуриамон аст. Боронҳои шиддатноки рўзҳои охир ба бахши кишоварзии мамлакат зиён расонд, хусусан ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои саҳроӣ. Обуҳавошиносон мегўяд боридани боронҳои шиддатнок дар фасли тобистон, хусусан дар моҳи июни солҳои қаблӣ низ мушоҳида гардида буданд.

Июнь 25, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд