Ҳуқуқҳои шаҳрвандон набояд поймол гардад
Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29 нафар шаҳрвандонро, ки қаблан муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро наёфта буданд, охири ҳафтаи гузашта Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳузур пазируфт. Баҳси истифодаи замин, дастрасӣ ба манзили иҷоравӣ ва имтиёзӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва соири масъалаҳои марбут ба кўмакҳои молиявию маслиҳатӣ мўҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро ташкил медод.Дар ҷараёни қабули шаҳрвандон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи муроҷиаткунандагон ва масъулини сохторҳои дахлдори пойтахтро бобати баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқӣ, хусусан дарки ҳуқуқҳои конститутсионӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нигаронид, иттилоъ медиҳад Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе. Зикр шуд, ки набояд ҳуқуқҳои сокинон ҳангоми баррасии муроҷиатҳояшон бо роҳҳои сохтакорона поймол гардад. Таъкид гардид, ки дилхоҳ ҳамкорӣ бо ҷомеа танҳо дар асоси афкори созандаву масъулиятшиносии тарафайн дар иҷрои вазифаҳои хизматию шаҳрвандӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар тарҳрезиву амалӣ гардонида шавад. Дар фарҷом дар доираи салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






