Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии рӯз ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт. Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Пекин ҷамъ омадаанд. Хотиррасон бояд намуд, ки аъзои Созмони ҳамкории Шанхай давлатҳои Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мебошанд. Дар ҷаласаи имрӯза, ки дар ҳайати маҳдуд ҷараён мегирад, танҳо сарони давлатҳои аъзои созмон иштирок намуданд. Ҷаласаи ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани роҳбарони давлатҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ пагоҳ баргузор мегардад. Зимни ин ҳамоиш баррасии масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва қабули Эъломияи муштараки давлатҳои аъзо, Самтҳои асосии стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай, Барномаи нави сесолаи ҳамкорӣ доир ба мубориза бо «хатарҳои сегона» ва дигар санадҳои муҳим дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






