Ҷинояткор ҷазояшро гирифт
Кӯлоб, 18 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бинобар иттилои ёвари раиси Суди шаҳри Кӯлоб Саидҷаъфар Юлдошев, суди шаҳр парвандаи ҷиноии истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Содиқови шаҳри Кӯлоб Изатулло Сафаровро мавриди баррасӣ қарор дода, ӯро мувофиқи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ва ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд.Изатулло Сафаров мӯҳлати ҷазояшро дар муассисаҳои ислоҳии низомашон сахт сипарӣ мекунад. Ба гуфтаи манбаъ, Изатулло Сафаров 5 килограмму 552 грамм маводи нашъаоварро дар хонаи истиқоматиаш пинҳон карда, ҳангоми ба фурӯш баровардани як қисми он дастгир шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






