Ҷопон каналҳои Ванҷро барқарор кард
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Лоиҳаи барқарорсозии ҳафт канали обёрӣ дар ноҳияи Ванҷ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта, аз ҷониби Созмони кӯмаки башарии ФОКУС бо ҳамкории Ҳукумат ва ҷамъиятҳои маҳаллӣ амалӣ гардида шуд, бомуваффақ ба итмом расид. 23 июни соли 2012 маросими анҷомёбии “Лоиҳаи барқарорсозии каналҳои обёрӣ дар ноҳияи Ванҷ” баргузор мегардад, ки дар он Хиройуки Имаҳаши, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нашир Кармали, намояндаи дафтари ФОКУС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Грант ба маблағи умумии 105,186 доллари ИМА барои ин лоиҳа моҳи марти соли 2011 ҷудо шуда буд. Моҳи январи соли 2010, заминларзаи шадиди 5,3 балл, нисфи каналҳои обёриеро, ки солҳои 1920-ум сохта шуда буданд ба ҳолати корношоям ва нобудӣ расонид. Ин каналҳо аз ҷониби мардуми маҳаллӣ доимо таъмиру нигаҳдорӣ мешуданд. Аз сабаби лойиқашавии каналҳо ва бо сангреза пур гаштани онҳо каналҳо пурра истифода нагашта, ҳосилнокии заминҳои ҳоҷагии мардуми ин мавзеъ ба таъсири манфӣ дучор мегашт. Тавассути лоиҳаи мазкур каналҳои обёрӣ, ки дарозии умумияшон 3.320 м мебошад, бо истифода аз усули нави соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Ванҷ тармим ёфтанд. Умед аст, ки таъмини об тавассути каналҳои обёрӣ ба баландшавии ҳосилнокии маҳсулоти ҳоҷагии қишлоқи ин минтақа мусоидат менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






