20 – солагии барқароршавии равобити дипломатии байни Тоҷикистон ва Покистон
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 6 июн дар шаҳри Исломобод бахшида ба 20 — солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон конфронси илмӣ баргузор гардид.Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов зикр намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон решаҳои таърихӣ дошта ва дар анъанаю арзишҳои таърихӣ, этнӣ ва фарҳангӣ қарор доранд.Зикр шуд, ки Тоҷикистону Покистон ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам дар арсаи иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳам наздик мешаванд. Вазири давлатии оид ба корҳои хориҷии Покистон Навобзода Малик Аҳмадхон зикр намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи миёни Покистону Тоҷикистон аз имтиҳони замон гузашта ва мунтазам ривоҷу густариш меёбанд. Мувофиқи суханони намояндаи Покистон, алҳол дар натиҷаи саъю кӯшишҳои доимии муштарак робитаҳои дуҷонибаи байни ҳар ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ ривоҷу равнақ ёфта ва мазмуни мушаххас пайдо мекунанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






