267 кг маводи нашъадор сӯзонида шуд
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ доир ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Юрий Викторович Федотов, иштирокчиёни мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии ташаббусҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳузури комиссияи махсус ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ дар печи Агентӣ зиёда аз 267 кг маводи нашъадор, аз ҷумла қариб 17 кг героин, 239 кг афюн, инчунин ҳашиш, бангдона ва 4206 ампулаи морфинро сӯзониданд.Ёдовар мешавем, ки аз оғози таъсиси Агентӣ дар маҷмўъ зиёда аз 14 тонна маводи мухаддири мусодирашуда сӯзонида шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






