88 нафар занон сарвари макотибанд
Хоруғ, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011 – 2020» дар ВМКБ корҳои назаррас иҷро шудаанд.Тавре ки мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин муддат дар вилоят чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ аз қабили озмунҳои «Соҳибҷамолони сол», «Катбонуи сол» ва маҳфилҳои эҷодии шоираҳои ҷавон доир гардиданд.Имрӯз беш аз 1000 нафар занони вилоят ба корҳои доимӣ ва 213 нафари онҳо ба корҳои имтиёзнок ҷалб шуда, 150 нафар духтарон шомили донишгоҳҳо гардидаанд. Теъдоди занони роҳбарикунанда афзуда, 88 нафари онҳо сарварони макотиб мебошанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






