«Амал»- роҳнамо дар самти муаррифии иқтисоду тиҷорат

Июнь 12, 2012 15:38

Душанбе, 12 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маҷаллаи иттилоотию таҳлилии «Амал», ки муассисаш Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аст, аз чоп мебарояд. Дар тўли 20 соли фаъолияти худ «Амал» аз маҷаллаҳои бонуфуз барои намояндагони доираҳои тиҷоратии ватанӣ, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносон гардидааст. Ҳадафи маҷалла мукаммал гардонидани фазои иттилоотии кишвар бо маводу мақолаҳои хонданбоб дар масоили иқтисодию тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисоди хориҷии Тоҷикистон мебошад, зеро самти афзалиятноки фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои соҳибкорон мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷист. Маҷалла барои намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, ки рағбати ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ дар бахшҳои мухталифро доранд, тавсия шудааст. Мўҳтавои маҷалла, ки дар доираи раддабандии доимии сарлавҳаҳо таҳррезӣ шудааст, таҷассумгари фаъолияти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурист. Хонандагон имкон доранд аз саҳифаҳои маҷалла доир ба паҳлўҳои гуногуни фаъолияти шарикони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, баргузории ҳамоиш ва намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, мулоқоти доираҳои тиҷоратӣ маводро мутолиа намоянд. Маҷаллаи «Амал» дар роҳи рушди соҳибкорӣ, боло бурдани иқтисоди миллӣ, муаррифии дастовардҳои иқтисодию тиҷоратии кишварамон нақши босазо мегузорад.

Июнь 12, 2012 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд