Амали қонуни танзими расму оинҳо

Июнь 12, 2012 09:01

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсати умури дохилаи минтақаи Кӯлоб аз қонуншикании сокинони маҳаллӣ оид ба танзими расму оинҳо иттилоъ дод. Бино ба гуфти сардори Раёсати умури дохилии ин минтақа Абдулваҳҳоб Искандаров, 17 нафар сокини ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва Ҳамадонӣ таълими фарзандони худро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ манъ намуда, барои таълими динӣ ба як мадрасаи ғайриқонунии деҳаи Олимтой супоридаанд. Тибқи ин амали худ волидайн иҷрои қонун «Дар бораи маориф» ва қонун «Дар бораи танзими расму оин» — ро дағалона вайрон кардаанд.Ба иттилои манбаъ, мадрасаи ғайриқонунӣ таъсис додаи Масеҳиддин Абдуллоев, ки дар ҳеҷ ҷой сабти ном нашудааст ва дар шароити ғайри санитарӣ нигоҳ дошта мешавад, бачагони 12-14 соларо ба таълими динӣ фаро гирифтааст. Аз тарафи Раёсати умури дохилаи минтақа нисбат ба қонуншикании падару модарон дар таълими фарзандон ва аз мактаб боз доштани онҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба суди ноҳияи Восеъ ирсол шудааст.

Июнь 12, 2012 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд