Баррасии масоили мушкилоти истеъмоли нашъа

Июнь 15, 2012 15:57

Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба мавзӯи масоили мушкилоти истеъмоли нашъа ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор шуд. Мизи гирд аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони башардӯстонаи «СПИД Фонд Шарқ-Ғарб» (AIDS Foundation East-West, AFEW)-и Ҳолланд созмон дода шуд.Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо сӯйистеъмоли воситаҳои нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 26-уми июн таҷлил мегардад, доир гардид. Мизи мудаввар дар чаҳорчӯбаи як лоиҳае, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд маблағгузорӣ мешавад, баргузор шуд.Дар ҷараёни кори он дар бораи вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ҳолати эпидемиологӣ оид ба ВИЧ-ангезанда миёни истеъмолгарони нашъа ва натоиҷи таҳқиқот дар бораи баҳодиҳӣ ба эҳтиёҷот ва талаботи истеъмолгарони воситаҳои нашъаовар маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба таври мухтасар киноверсияи журналистони аксбардори ҳолландӣ дар бораи хатсайри ҳероини афғонӣ дар муддати ду даҳсолаи ахир низ пешкаш шуд.

Июнь 15, 2012 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд