Безараргардонии боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ

Июнь 5, 2012 09:40

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-4- уми июни соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти махсуси фаврию ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони мақомоти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи ҷинояткори муташаккили мусаллаҳ бо роҳбарии Шералӣ Адҳамов , соли таваллудаш 1975, ки барои содир намудани чандин ҷинояти махсусан вазнин (одамкушӣ, таркиш) дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошт, дастгир ва безарар гардонида шуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, ҳангоми дастгир намудани Ш. Адҳамов ва гурӯҳи ў аз ҷониби онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон дода шуд. Дар манзили Адҳамов, воқеъ дар деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ ду адад автомати тамғаи Калашников, ду норинҷак, 800 дона тир, 15 адад телефони мобилӣ, 103 адад симкарта, як адад воситаи мухобира, дигар таҷҳизоти ҳарбӣ, якчанд мошини бо роҳи ҷиноят ба дастомада, миқдори ниҳоят калони маводи мухаддир ва ҳуҷҷатҳое, ки аз содир шудани ҷиноят шаҳодат медиҳанд, кашфу мусодира шуд. Инчунин се нафар ҳаммаслаки ў дастгир шуданд. Дар гузаронидани амалиёти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ кормандони амнияти миллӣ ҳамкорӣ намуданд.

Июнь 5, 2012 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд