Бинои нави маъмурӣ барои кормандони ҳифзи иҷтимоӣ

Июнь 20, 2012 16:05

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 20 июни соли равон дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бинои маъмурии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иборат аз 3 ошёна бо тамоми шароити зарурии корӣ барои сохторҳои маҳаллии вазорат ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи бинои мазкур вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.Бояд қайд намуд, ки бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.Дар ин бино сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, шӯъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шӯъбаи Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, бо шумораи умумии зиёда аз 30 нафар кормандон ҷойгир шудаанд.

Июнь 20, 2012 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд