Дараи Варзоб — ҷойи таҷрибаомӯзии хонандагони коллеҷҳо
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикор ва мадади молиявии барномаи «Фарҳанг ва санъат» — и Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон аз 25 июн то 5 июл дар минтақаи истироҳатии «Аржанг» — и Дараи Варзоб маросими таҷрибаомӯзии 20 нафар хонандагони мактабҳои санъати ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва шаҳрҳои Турсунзодаю Душанбе роҳандозӣ мешавад. Дар ин ҷо омӯзгорони шинохта – Рассоми халқии Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев ва Бахтиёр Одинаев ба хонандагон маҳорати расмкаширо меомӯзанд. Баъди анҷоми давраи таҷрибаомӯзӣ беҳтарин офаридаҳои хонандагони лаёқатманд ба маърази намоиш гузошта мешаванд. Дар ин бора аз Бунёди мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






