Дастгирии марказҳои иттилоърасонии соҳаи кишоварзӣ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи «Дастгирӣ ва такомули иттилоърасонии миллӣ дар системаи амнияти озуқаворӣ» мизи муддавар доир гардид. Дар он донорҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва мутахассисони вазоратҳои дахлдор, ки дар соҳаи бозори системаи иттилоърасонӣ ва хизмат фаъолият менамоянд, иштирок намуданд. Дар оғоз сардори шӯъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Н. Дадобоев ва намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзӣ Армен Седракян оид ба фаъолият ва ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди низоми иттилоърасонии системаи амнияти озуқаворӣ сухан гуфтанд.Сипас намояндагони «Барномаи умумиҷаҳонии амнияти озуқаворӣ» С.Бадамон ва М.Рафиева лоиҳаи «Системаи иттилоърасонӣ ва хидматгузории бозори кишоварзӣ»-ро муаррифӣ намуданд. Дар охир иштирокчиён оид ба таъсис ва фаъолияти низоми иттилоърасонӣ ва хизмат дар бозори кишоварзии Тоҷикистон, ки талаботи замон мебошад, изҳорӣ ақида намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






