Э. Раҳмон дар 7 ҳамоиши Конфронси «Рио+20» иштирок ва суханронӣ мекунад
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»). — Тайи се рӯзи кори Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор дар сатҳи олӣ, ки аз 20-ум то 22-юми июн баргузор мегардад, иштирок ва суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 7 ҳамоиши он дар назар аст. Хотиррасон бояд намуд, ки ҳадафи асосии ин конфронс ба мувофиқа расондани Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад, ки аз соли 2015 ба баъд ҷойгузини Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола хоҳанд буд. Тавре таъкид мегардад, асоси ин ҳадафҳоро бояд «иқтисодиёти сабз», ё худ иқтисодиёти аз ҷиҳати экологӣ безарар ташкил диҳад. Ба иттилои созмондиҳандагони конфронс, ин ҳамоиш бо иштироки роҳбарони давлатҳо ё ҳукуматҳои 135 кишвари ҷаҳон, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва коршиносони байналмилалӣ ҷараён мегирад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






