Хабарнигори «СМ» ғолиби озмун гардид
Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Хабарнигори нашрияи парлумонии «Садои мардум» Бурҳониддин Каримзода ғолиби озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзўи экология гардида, бо 800 сомонӣ сарфароз шуд. Дар робита ба ин имрўз дар парлумон маросими супоридани мукофот ба ғолибон озмуни мазкур доир гардид. Амиршо Миралиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон ба хабарнигорон мукофотҳоро тақдим намуд. Б. Каримзода бо мақолаи худ- « Вазъи экологӣ пуршиддат мегарадад», ғолиби даври якуми озмун гардид. Зинаи дуюм ва сеюми озмун насиби Сайфиддин Суннатӣ нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва Турко Дикаев хабарнигори нашрияи мустақили «Азия Плюс» дар Хатлон гардиданд. Онҳо бо мақолаҳои «Зироате, ки 30 000 намуди маҳсулот медиҳад» ва «Таджикистан Узбекистан. Европарламент питается выработать позицию по Рогунской ГЭС» дар озмун иштирок намуда, яке 600 ва дигаре 400 сомонӣ мукофот гирифтанд. Аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷмўъ дар озмун, ки аз моҳи январи соли равон оғоз гардида буд, 15 мақола бо забонҳои тоҷикию русӣ марбут ба мавзўи экология пешниҳод гардидааст. Дастрасӣ доштан ба рўйдодҳои экологии ҷаҳон, ҷалби бештари рўзноманигорон, олимону коршиносон ва дигар доираҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масоили экологӣ ва ҳалли онҳо, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии экологӣ ва ба ин восита ғанӣ гардонидани фазои иттилоотӣ бо мақолаҳои инъикоскунандаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии озмун аст.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






