Имзои 5 санади иловагии ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

Июнь 6, 2012 14:50

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз миёни сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистону Чин 5 санади иловагии ҳамкорӣ ба имзо расид: 2 созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ; Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантини сифати молҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нозирот ва карантини растанӣ; Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишномаи ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” (TALCO) ва Ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин (CNBM). Тибқи созишномаи миёни TALCO ва CNBM, бояд дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки сементбарорӣ бо номи “CNBM-TALCO семент” бунёд ёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна сементи навъи 620 хоҳад буд. Ин корхона бо навтарин техникаю технология муҷаҳҳаз шуда, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ аввалин шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он чунин навъи баланди семент истеҳсол хоҳад кард. Тибқи нақшаҳои қаблӣ, навбати аввали он бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд дар зарфи 14 моҳ сохта, ба истифода дода шавад. Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона дар 5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 6, 2012 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!