Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар машқҳои ҳарбии СҲШ

Июнь 14, 2012 10:33

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд ташриф оварда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бевосита назорат намуд. Дар ин машқгоҳ қисмати ниҳоии машқҳои байналмилалии ҷузъутомҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва нерӯҳои махсуси давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Барои иштирок дар ин машқҳо беш аз 2,5 ҳазор низомиён, зиёда аз 300 адад техникаи вазнини зиреҳпӯш ва 50 чархболу ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар шудаанд. Ҳадафи асосии ин машқҳо дар амал санҷидану сайқал додани ҳамоҳангии амалиёти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити наздик ба ҳолати ҷангӣ дар кӯҳу биёбон мебошад. Хотиррасон бояд намуд, ки чунин машқҳои бузургмиқёси кишварҳои аъзои ин созмон дар Тоҷикистон бори нахуст баргузор мегардад. Зимни амалиётҳои муштараки ҷузъутомҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, нерӯҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай душмани шартӣ — гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки барои ноором кардани вазъи сиёсию иҷтимоии яке аз кишварҳои аъзои ин созмон амалиёти тахрибкоронаю террористӣ ба роҳ монда, мардуми як маҳаллаи истиқоматиро ба гарав гирифта буданд, торумор карда шуд. Амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ бо ҳамоҳангии дақиқи фаъолияти тамоми қувваю васоити ҷалбгардида, аз ҷумла ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангию нақлиётӣ, техникаи вазнини зиреҳпӯш, тӯпҳои худгард, артиллерияи реактивӣ, намудҳои гуногуни аслиҳаи тирандоз ва нерӯҳои махсуси хадамоти амниятию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мудофиаи гражданӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд. Машқҳои бузургҳаҷми имрӯза бори дигар собит намуд, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои ҳифзи амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаш дар минтақаи масъулияти худ иродаи устувор ва омодагии қавии доимӣ доранд. Машқҳои байналмилалии мазкур, ҳамчунин дар тақвият бахшидани омодагии доимии ҳарбӣ, баланд бардоштани маҳорати ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки зиддитеррористӣ ва таҳкими дӯстию рафоқати миёни низомиёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим гузошт, зеро барои омодагӣ ва ташкилу гузарондани ин машқҳо онҳо беш аз як моҳ дар ин ҷо фаъолияти якҷоя доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати муштараки нишондодаи иштирокдорони машқҳо баҳои баланд дода, роҳбарияти вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишварро ба тақвияти доимии омодагии ҳарбии ҳайати шахсӣ ва пайваста сайқал додани маҳорати касбии онҳо ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Июнь 14, 2012 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд